Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Пулиси OSCE кай ба Қирғизистон эъзом мешавад?

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълом кард, ки интизор дорад, гурӯҳи машваратии пулиси созмон, авоили моҳи сентябр ба ҷануби Қирғизистон фиристода хоҳад шуд. Фрейн Мароевич, сухангӯи ин ниҳоди мӯътабари байналмилалӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, масоили ҷузъии эъзоми гурӯҳро ниҳоӣ кардаанд, аммо санаи дақиқи эъзоми гурӯҳи 52 нафарии пулис ба Қирғизистон ҳанӯз таъйин нашудааст. Руслан Қазоқбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт:" Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шояд ба зудӣ дар мавриди санаи эъзоми гурӯҳи машваратӣ тасмим бигирад. Онҳо номзадҳоро интихоб мекунанд. Мо ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо пешниҳодоти худро ироа кардем ва аз ҷумла гуфтем, ки аъзои гурӯҳ бояд забони русӣ ва одобу фарҳанги моро бидонанд ва ботаҷриба бошанд." Ҳадаф аз эъзоми гурӯҳи машваратии пулиси байналмилалӣ ба ҷануби Қирғизистон, мусоидат ба таҳкими амният дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод аст, ки моҳи июн шоҳиди низоъҳои хунини қавмӣ миёни қирғизу ӯзбакҳо шуданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ба хориҷиён фурӯхтан ё ба иҷора додани замини кишоварзӣ дар Қазоқистон манъ шуд

Қосимҷомарт Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, тарҳи қонуни баҳсбарангез ва ҳассосеро имзо кард, ки ба иҷора додану фурӯхтани замини кишоварзиро ба хориҷиён дар ин давлати саршор аз нафти Осиёи Марказӣ манъ мекунад.

Бино ба қонуни нав, хориҷиёну шахсони бешаҳрвандӣ, ширкатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва гурӯҳҳои илмии берунӣ наметавонанд, заминҳои кишоварзиро дар Қазоқистон соҳиб шаванд ё ба кироя гиранд.

Тарҳи қонунро Тоқаев дар моҳи феврали имсол пешниҳод карда буд.

Мақомоти Қазоқистон соли 2016 Кодекси заминро ислоҳ карданд, ки ба хориҷиён имкон медод, заминҳои ин кишварро ба муҳлати 25 сол ба иҷора гиранд, вале сокинон ба зидди он эътироз карданд.

Он замон мақомот маҷбур шуданд, ки ба иҷрои қонуни нав мораторияи панҷсола эълон кунанд. Муҳлати моратория тобистони имсол ба поён мерасад.

Идомаи ҷанг байни Исроилу "Ҳамос". Байден ҳамлаҳои мушакиро маҳкум кард

Ғазза

Пас аз он ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил як фармондеҳи гуруҳи "Ҳамос" кушта ва бинои бисёртабақае дар Ғазза вайрон шуд, нерӯҳои "Ҳамос" субҳи 13-уми май ба тарафи Исроил даҳҳо мушак партофтанд.

Вазорати тандурустии минтақаи зери назорати "Ҳамос" рӯзи 13-уми май гуфт, дар ду рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беш аз 70 фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакон, кушта шудаанд.

Мақомоти тандурустии Исроил гуфтанд, дар ин ҳодисаҳо 7 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, дар суҳбати телефонӣ бо нахуствазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, аз Телавив пуштибонӣ карда, ҳамлаҳои мушакиро маҳкум намудааст. Кохи Сафед рӯзи 12-уми май гуфт, Байден ҳимояташро "аз амният ва ҳаққи қонунии Исроил барои дифоъ аз худ" баён дошт.

Нетаняҳу дар навбати худ гуфтааст, Исроил талошашро барои хароб кардани тавоноиҳои низомии "Ҳамос" ва созмонҳои дигари террористӣ дар Навори Ғазза идома медиҳад.

"Ҳамос" низ омодагии худро барои давом додани ҷанг баён кардааст. Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии созмон, гуфтааст, "муқовимат бо душман беохир хоҳад буд".

"Ҳаёту мамот"-и Тоҷикистон аз андоз қарздор шудааст. Вакилон сабукӣ доданд

Вакилони порлумони Тоҷикистон ба нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" сабукӣ дода, онро аз пардохти фоиз ё баҳраи қарзи андоз (молиёт) озод карданд.

Бар асоси моддаи 73-юми Кодекси андоз, дар сурати таъхир дар пардохти молиёт қарзи андозсупорандагон бо фоиз ё баҳра ситонда шавад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки ин муқаррарот нисбат ба нерӯгоҳи "Роғун" татбиқ нагардад.

Мақомот бо ин ки тасдиқ мекунанд, нерӯгоҳи “Роғун” аз андоз қарздор аст, вале миқдори онро ошкор намекунанд. Масъулони Вазорати молия ва Кумитаи андоз ба дархостҳои зиёди мо дар ин бора посухи дақиқ надоданд.

Шамсулло Хайруллозода, як масъули Вазорати молия, рӯзи 12-уми май гуфт, дар ҳди коронавирус муштариён пули нерӯи барқро саривақт напардохтанд ва дар натиҷа нерӯгоҳ ҳам аз ҳисоби барқи интиқолдодааш қарздор монд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз иқтисоддонҳо мегӯянд, сабукӣ ба як корхона, ин ҷабр ба андозсупорандаҳои дигар аст.

Нерӯгоҳи "Роғун", ки аз иншооти бузург ба ҳисоб меравад, дар назар аст, ба яке аз тавлидкунандаи асосии нерӯи барқ табдил ёбад. Баъди солҳо таъхир ҳоло ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба кор даромада, барқ истеҳсол мекунад.

Озод кардан ё сабукӣ додан ба ин ё он ширкат дар пардохти андоз қаблан низ интиқодҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Бахусус додани сабукӣ ба ширкатҳое, ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳур тааллуқ доранд, аммо мақомот мегӯянд, бархурдашон бо ҳама андозсупорандагон яксону одилона аст.

Буҳрони нав: Пашинян Озарбойҷонро дар "ҳаракатҳои харобкорона" гумонбар кард

Марзи Арманистону Озарбойҷон

Вазорати мудофиаи Арманистон хабар дод, ки низомиёни Озарбойҷон талош кардаанд, дар марз бо ин кишвар "амалиёти харобкорона" анҷом диҳанд.

Ба иттилои мақомоти Арманистон, рӯзи 12-уми май озарбойҷониҳо аз ҳудуди кӯли Сев лич марзи Арманистонро гузашта, се километр дарунтари хоки Арманистон рафтаанд.

Расонаҳо аз даргириҳо дар минтақаи Ишханасараи Қаробоғи Куҳӣ хабар медиҳанд. Аммо ҷониби Озарбойҷон вуруд ба хоки Арманистонро рад мекунад. Низомиёни Озарбойҷон гуфтанд, ки ба муайянсозии хатти марз машғул ҳастанд.

Рӯзи 13-уми май Никол Пашинян, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон, дар як ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш вазъи кӯли Сев личро баррасӣ кард.

Пашинян рӯйдодҳои ахирро ҳаракатҳои харобкорона номид.

Ҷаҳонгир Отаҷонов тасмим дорад, ҳизби "Эрк"-ро фаъол гардонад

Ҷаҳонгир Отаҷонов

Овозхони пешини узбекистонӣ Ҷаҳонгир Отаҷонов, ки тасмим дорад, дар интихоботи президентии Узбекистон ширкат варзад, рӯзи 12-уми май аз Туркия ва Узбекистон баргашт.

Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, тасмим дорад, фаъолияти ҳизби сиёсии "Эрк" (Ирода)-ро дар Узбекистон барқарор кунад. "Аз ин рӯ, ба Узбекистон баргаштам. Ҳадафи ман президент шудан аст, роҳи баргашт надорам", - афзуд Отаҷонов.

Ҷаҳонгир Отаҷонови 42-сола моҳи декабри соли 2020 эълом кард, ки тарки саҳнаи овозхонӣ мекунад. Вай дар моҳи январи имсол гуфт, тасмим дорад, дар интихоботи президентии моҳи октябр ширкат варзад.

Қонунгузории Узбекистон талаб мекунад, ки номзадҳо танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шаванд.

Ҳизби сиёсии "Эрк" аз сӯи мухолифи ҳукумати Узбекистон Муҳаммад Солиҳ дар солҳои 90-уми асри гузашта таъсис шудааст. Муҳаммад Солеҳ солҳои дароз аст, ки дар Туркия паноҳанда аст.

Баъд аз эъломи ширкат дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Узбекистон нисбат ба Ҷаҳонгир Отаҷонов таҳқиру туҳматҳо зиёд шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вай талаб доранд, ки аз ин тасмимаш даст кашад.

Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон баҳо дод

Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико

Вазорати корҳои хориҷии Амрико давлати Чинро ба қатли оми уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмон дар ин кишвар муттаҳам кард.

Дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико, ки рӯзи 12-уми май нашр шуд, ҳамчунон Эрон ва Русия дар рӯйхати поймолкунандагони ҷиддии озодиҳои динӣ зикр шудаанд.

Энтонӣ Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар муаррифии гузориши солона иброз дошт, ки поймолшавии густурдаи озодиҳои динӣ дар Мянмар, Русия, Нигерия ва Арабистони Саудӣ ҷой дорад.

Ӯ гуфт, Русия бо баҳонаи мубориза бо эктремизм, ба боздошту азият ва мусодираи амволи "Шоҳидони Яҳво" ва гурӯҳҳои мусулмон идома медиҳад.

Муаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки дар Эрон маҳдудияти зиёди марбут бо озодии тоату ибодат ҷорӣ шудааст, ки мусулмонони шиамазҳабро ҳам фаро мегирад.

Як бахши ин гузориш ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ҳам бахшида шудааст.

Ҳамсари Набӣ Раҳимовро, ки аз сӯи ФСБ кушта шуд, аз Қрим меронанд

CRIMEA - Sоhiba Burkhanova, wife of a citizen of Uzbekistan Nabi Rakhimov who was killed in Crimea, 12May2021

Додгоҳи ноҳияи Советии Қрими ишғолшуда аз сӯи Русия қарори ихроҷи Соҳиба Бурҳонова, ҳамсари Набӣ Раҳимов, шаҳрванди Узбекистонро содир кард. Набӣ Раҳимов рӯзи 11-уми май ҳангоми кофтукоби хонааш аз сӯи ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия кушта шуд.

Бурҳонова ба риоя накардани тартиби вуруд ва ё қоидаҳои будубош дар Русия айбдор шуд.

Хабар дода мешавад, ки пушти дари додгоҳ ба ҷонибдорӣ аз Бурҳонова чанде аз тарафдорони вай гирди ҳам омаданд. Бурҳоноваро аз додгоҳ ба қабулгоҳи махсус барои шаҳрвандони хориҷӣ бурданд. Дар рӯзҳои оянда ӯро ҳамроҳ бо фарзандонаш ба Узбекистон ихроҷ хоҳанд кард.

Рӯзи 11-уми май дар деҳаи Дубрии Қрим кормандони ФСБ манзилеро кофтукоб карданд ва дар ҷараёни он шаҳрванди Узбекистон Набӣ Раҳимов кушта шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, Раҳимов ба сӯйи низомиён тир кушод ва дар натиҷа аз тири ҷавобӣ кушта шуд.

Мақомоти интизомии Русия нагуфтанд, ки дар доираи кадом парванда манзили Раҳимов кофтукоб мешуд.

Раҳимов ҳамроҳ бо хонаводааш соли 1999 ба Русия кӯчид. Соли 2015 аз наздикии Маскав ба Қрим рафт. Соли 2018 мақомоти Русия дархости паноҳандагии Соҳиба Бурҳоноваро рад карданд. Аз он замон то кунун ҳузури Бурҳонова дар минтақаи таҳти идораи Русия ғайриқонунӣ дониста мешуд.

Илназ Галявиев, ҳамлагар ба мактаби Қазонро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд

Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазони Русия Илназ Галявиев, ҳамлагар ба гимназияи рақами 175-ро ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Кумитаи тафтишотии Русия ӯро дар куштор айбдор кард.

Галявиев дар додгоҳ зидди ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданаш эътирозе накард.

Муфаттиш дар додгоҳ гуфт, Илназ Галявиев рӯзи 11-уми май аз силоҳе, ки бо худ оварда буд, дар гимназия 17 тир кушода, дар натиҷа 9 касро кушт ва 21 каси дигарро захмӣ кард.

Муфаттиш гуфт, Галявиев айби эъломшударо пурра эътироф кардааст. Вай дар содир кардани ҷинояти ниҳоят вазнин айбдор мешавад. Барои ин гуна ҷиноят ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Дар натиҷаи тирпарронии рӯзи 11-уми май дар гимназия 7 хонанда ва 2 омӯзгор кушта шуданд. Захмиҳо дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Рӯзи 12-уми май кушташудаҳоро дафн карданд ва дар Тотористони Русия рӯзи мотам эълом шуд.

Дар шаҳрҳои бузургтарини Узбекистон кӯчаҳои савдо ва фароғатӣ ташкил мешавад

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон

Дар шаҳрҳои бузургтарин ва марказҳои ноҳияву вилоятҳои Узбекистон то 1-уми сентябри имсол кӯчаҳои фароғатӣ ва савдо ташкил карда мешавад.

Дар ин бора дар қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи тезонидани рушди бахши хидматрасонӣ, гуфта шудааст. Қарор 11-уми май ба имзо расид.

Дар қарор аз ҷумла омадааст, ки ба ҳамаи ширкатҳо иҷозат дода мешавад, дар кӯчаҳои савдо ва фароғатӣ 24 соат кор кунанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, нуқтаҳо барои фурӯши телефонҳои мобилӣ тавассути музоядаи онлайнӣ фурӯхта хоҳанд шуд.

Ба ҷуз аз ин, дар солҳои 2021-2023 дар шаҳру ноҳияҳои Узбекистон 15 бозори деҳқон ва 115 маркази савдо бунёд карда мешавад.

Талаби ҳукми зиндон барои гумонбарони бетартибиҳои Сатпаев

Акс аз бойгонӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ барои баъзе аз гумонбарони бетартибии оммавие, ки шаби 24-уми июли соли 2020 баъди рабудан ва таҷовуз шудани як кӯдаки панҷсола дар шаҳри Сатпаеви Қазоқистон сар зад, ҳукми зиндон хост.

Додситон дар мурофиаи 12-уми май хост, 9 гумонбар ба муҳлати сесолӣ зиндонӣ шуда, 44 гумонбари дигар 4-солӣ ва ду каси дигар 1,5-солӣ шартан аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Барои онҳое, ки ҳукми шартӣ хоста шудааст, бояд аз толори додгоҳ озод шаванд.

Шаби 24-уми июли соли гузашта беш аз 100 сокини шаҳри Сатпаев баъд аз шунидани хабари рабудан ва таҷовуз шудани кӯдаки панҷсола ба кӯча баромада, даст ба бетартибӣ заданд. Яке аз ҷамъшудаҳо шишаи хонаи марди гумонбарро шикаст ва дигарон аз пулис талаб карданд, ки вайро ба ихтиёри онҳо супоранд.

Ҷасади сокини 62-солаи шаҳри Сатпаеви Қазоқистонро, ки бо гумони рабудан ва таҷовуз кардани кӯдаки панҷсола боздошт шуда буд, рӯзи 6-уми октябр дар боздоштгоҳи муваққатӣ пайдо карданд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст.

Дар курсии айбдорӣ 54 нафар, аз ҷумла се ноболиғ нишастаанд. 44 гумонбар дар ҳабси пешакӣ буда, дигарон дар ҳабси хонагиянд ё ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карда шудаанд.

Ҷамъан дар бетартибиҳои мазкур 56 нафарро айбдор мекунанд. Ду каси онҳо таҳти пайгарди қонунӣ ҳастанд.

Мурофиаи додгоҳии ин афрод дар боздоштгоҳи мақомоти тафтишотии Қазоқистон баргузор шуда, рӯзноманигоронро ба далели маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ба онҷо роҳ намедиҳанд.

Натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳриро дар Бишкек бекор карданд

Ройдиҳӣ дар интихобот, Бишкек, 11-уми апрели 2021

Комиссияи интихоботии шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, дар ҷаласае рӯзи 12-уми май натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳриро бекор кард.

Масъулони Комиссия гуфтанд, ба далели аз маъракаи интихоботӣ берун кардани ҳизбҳои "Эмгек", "Оқ-Бата" ва Ҳизби халқӣ-демократии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳрӣ бекор шуданд.

Ҳамакнун масъалаи мазкурро Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон баррасӣ хоҳад кард.

Интихоботи маҳаллӣ дар Қирғизистон рӯзи 11-уми апрели имсол баргузор шуд. Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизби сиёсӣ мубориза мебурданд.

Танҳо 6 ҳизб: "Эмгек", "Оқ-Бата", Ҳизби халқӣ-демократии Қирғизистон (ҲХДҚ), "Ота-Журт Қирғизистон", "Интимик", "Бизден Эл" садди 7 дарсадиро убур карда, вориди порлумон шуданд. Аммо дертар Комиссияи интихоботии Бишкек ҲХДҚ, "Эмгек" ва "Оқ-Бата"-ро ба далели харидани раъйи мардум аз маъракаи интихоботӣ берун кард.

Пештар аз ин Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи маҳаллӣ дар шаҳрҳои Ӯшу Токмакро ҳам бекор карда буд.

Намози ид дар Тоҷикистон бе фосилаи ҷисмонӣ баргузор шуд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон

Намози иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6-и субҳи 13-уми май хонда шуд. Мусалмонони Тоҷикистон баъд аз хуруҷи бемории COVID-19 бори нахуст дастаҷамъона дар масҷидҳои кишвар ҷамъ омада, иди Фитрро истиқбол карданд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳузури садҳо намозгузор, мусалмонони кишварро ба фарорасии иди Фитр табрик кард ва гуфт:

"Дар ин шароит вазифаи ҳар як мусалмон ин аст, ки дар фикри ҳамгироӣ бо куллияи кишварҳои ҳамсоя бошем, аз танишҳову бархурдҳо парҳез дорем. Ҳамзамон, бояд ба зарардидаҳои офатҳои табийӣ дар кишвар дасти кӯмак дароз кунем."

Масъулини масҷиди марказии Душанбе ва дигар масоҷиди кишвар ҳангоми вуруди намозгузорон риояи қоидаҳои беҳдоштиро назорат мекарданд. Вале дар дохили масҷидҳо қоидаҳои беҳдоштӣ аз сӯи намозгузорон камтар риоя мешуд.

Баъд аз анҷоми намози ид мусалмонони Тоҷикистон тибқи анъана ба зиёрати қабрҳои наздиконашон рафта, сипас ба табрики хешовандон ва дӯстони худ машғул шуданд.

Имсол низ аз субҳ кӯчаҳои Душанбе пур аз кӯдакон буд, ки бо халтачаҳо ба табрики наздикон мерафтанд ва савғотии идона мехостанд.

Аксҳои бештар аз маросими идро дар инҷо бубинед:

Э.Раҳмон ба оилаҳои қурбониёни ҷанг дар марз бо Қирғизистон изҳори ҳамдардӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз тақрибан ду ҳафтаи ҷанҷоли хунин дар марз бо Қирғизистон ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми май дар паёме бахшида ба Иди Фитр гуфт: "Ба оилаҳое, ки наздикону пайвандони онҳо дар натиҷаи муноқишаву задухӯрди чанд рӯз пеш дар сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара рухдода ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён карда, ба ҳамаи онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабам." Ӯ ба шахсони захмӣ ва осебдида шифои комил хостааст.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон танҳо 6-уми май тасдиқ карданд, ки дар ҷанҷоли марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудаанд.

Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд. Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, ба хотири қурбониёни муноқишаи ахир дар марз рӯзҳои 1 ва 2-юми майро мотами миллӣ эълон карда буд.

Дар тақрибан ду ҳафтаи охир намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷа чанд дафъа раиси ҷумҳурро барои изҳори ҳамдардӣ накардан ба оилаи қурбониён танқид карданд.

Намояндагони ҳукумат гуфтанд, ки барои ибрози ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониён рафта буданд ва бо дастури раиси ҷумҳурӣ ба ҳар як хонаводаи кушташудаҳо ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор доллар) доданд.

Рӯйхати расмии онҳое, ки дар ин муноқишаҳо ҷон бохтанд:

  1. Бахтовар Маҳмудов, сокини ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара;
  2. Собир Ваҳҳобов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  3. Манучеҳр Қаландаров, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  4. Ҳакимбой Ниёзов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  5. Нусратулло Набиев, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  6. Ҳасанхон Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  7. Далер Эшонов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  8. Иброҳим Ҳошимзода, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  9. Ҳикматуллоҳ Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
  10. Меҳрафрӯз Болтаев, сокини ҷамоати Ворух;
  11. Нозим Каримов, сокини шаҳри Конибодом;
  12. Умедҷон Юсупов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  13. Ҷасур Сиярқулов, сокини ноҳияи Деваштич;
  14. Ҳасан Акбаров, сокини ноҳияи Фархор;
  15. Аслиддин Абдузамонов, сокини ноҳияи Нуробод;
  16. Абдулло Саидов, сокини ноҳияи Нуробод;
  17. Некрӯз Ғафурзода, сокини шаҳри Турсунзода;
  18. Салоҳиддин Гадоев, сокини ноҳияи Ховалинг;
  19. Маҳмадулло Раҷабзода, сокини ноҳияи Муъминобод.

Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

Муовини раиси ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон ба сокинони Қирғизистон муроҷиат кард

Хайриннисо Юсуфӣ. Акс аз бойгонӣ

Муовини раиси ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони Қирғизистон хостааст, ки "дар рӯзҳои мушкил барои ҳарду кишвар" қувваҳоро барои барқарории субот дар марз муттаҳид кунанд.

Хайриннисо Юсуфӣ рӯзи 12-уми май дар муроҷиати видеоӣ бо забонҳои русӣ ва қирғизӣ гуфт, мардуми Тоҷикистону Қирғизистон "бояд дар сулҳу оромӣ ба сар баранд". Раҳбарии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро президент Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Ин муроҷиат пас аз тақрибан ду ҳафтаи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон садо дод. Дар ин ҳодиса аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.

"Дар таърихи чандинасраи ҳамсоядорӣ якҷоя бисёр санҷишҳоро гузаштем, аз якдигар омӯхтем. Ҳар кадоме мо дар кишварҳои ҳамсоя ҳамкорони хубу шиносҳо ва дӯстону наздикон дорем. Моро хешутаборӣ, таърих ва дину фарҳанги ягона пайваст мекунад", -- гуфтааст Хайриннисо Юсуфӣ дар муроҷиаташ дар Ютуб.

Муроҷиати ӯ ва наворҳои дигари баъзе аз хабарнигорони расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар масъалаи марз дар ҳоле нашру паҳн мешаванд, ки пештар мақомотро барои сустӣ ва посух нагуфтан ба иддаоҳои ҷониби Қирғизистон танқид карда буданд.

Баъзе аз шаҳрнависон ба ин видео вокуниш кардаанд. Корбаре бо номи Саид Сооронбоев дар Ютуб навиштааст, ки муроҷиати Хайриннисо Юсуфӣ ботаъхир садо дод.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта, 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Ба иттилои расмӣ, ин шабу рӯз дар марзи ду кишвар оромӣ ҳукмфармост. Сокинони деҳаҳои наздисарҳадии ду тараф ба маҳалли зисти худ баргашта, сохтмони хонаҳои вайроншуда низ шуруъ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

Қонуни гузаштан ба хати лотинӣ дар Узбекистон ним соли дигар баррасӣ мешавад

Навиштаҳо бо хатти лотинӣ ва кириллӣ дар Узбекистон

Гурӯҳи кории таъмини гузаштан ба алифбои лотиниасос дар Узбекистон тасмим гирифтааст, ки баррасии тарҳи қонунро то 1-уми ноябри имсол дароз кунад.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Департаменти рушди забони давлатии Девони вазирони Узбекистон иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, тамдиди муҳлат ба хотири омӯзиши ҳамаҷонибаи тарҳ ва пешниҳоди мутахассисону ҷомеа андешида шудааст.

Давоми шаш моҳи оянда Департаменти мазкур конфронсҳои илмӣ, маърӯзаву давраҳои омӯзишӣ дар бораи зарурати гузаштан ба хатти лотиниасосро баргузор мекунад.

Тарҳи қонуни Узбекистон дар бораи гузаштан ба хатти лотиниасос 16-уми марти имсол ба баррасии умум гузошта шуда буд. Алифбои нав аз 28 ҳарф иборат аст.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, тарҳи мазкур дар 15 рӯзи муҳокима дар интернет 1035 шарҳ гирифтааст.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон моҳҳои май - июн мегузарад

Бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21-уми май то 30-юми июни имсол Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 15 намуди варзиш - баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштигирӣ, гуштии варзишӣ (тарзи озод ва юнониву румӣ), камонварӣ, каратэ, қайиқронӣ, самбо, таеквондо, ҳандбол, ҷудо ва шиноварӣ - ворид шудааст.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 рӯзи 22-юми май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз мегардад, ки ду рӯз идома хоҳад кард. Сипас,

  • рӯзҳои 1-2-юми июн мусобиқаи гуштигирӣ,
  • 3-4-уми июн гуштии юнониву румӣ ва каратэ,
  • 5-6-уми июн шиноварӣ,
  • 7-8-уми июн гуштии озод,
  • 9-10-уми июн ҷудо ва таэквондо,
  • 10-14-уми июн волейбол миёни занон,
  • 11-12-уми июн самбо,
  • 12-13-уми июн вазнабардорӣ,
  • 13-17-уми июн ҳандбол,
  • 18-22-юми июн баскетбол миёни мардон,
  • 23-27-уми июн волейбол миёни мардон,
  • 24-25-уми июн қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ,
  • 25-29-уми июн бокс ва
  • 28-29-уми июн камонварӣ доир хоҳанд шуд.

Ҳамаи мусобиқаҳо, ба ғайр аз вазнабардорӣ, волейбол миёни занон ва камонварӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқаи вазнабардорӣ дар Кулоб, волейбол миёни занон дар Хоруғ ва камонварӣ дар Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

"Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ идома дорад". Ба зарардидаҳо замин додаанд. ВИДЕО

Барои 20 хонаводаи зарардида аз лағзиши замин дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаҳои замин ҷудо кардаанд. Шаби 8 ба 9-уми май дар ин деҳа лағзиши замин шуруъ шуд ва то кунун беш аз 100 гектар замини кишоварзии сокинон ва 20 манзили онҳо фурӯ рехтааст.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва намояндагони Cитоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ, лағзиши замин дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 8-уми май ба ин сӯ идома дорад. Ба ин далел, масоҳати то 30 метри атрофи ҷойи ҳодиса барои гаштугузор мамнуъ шудааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асари ин ҳодиса дар ҷамоати Ифтихор 20 манзил пурра зери замин рафтанд. Ба гуфтаи ӯ, 167 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Юсуфӣ афзуд, Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ тасмим гирифтааст, барои ҳар як оилаи зарардида дар маҳалли амни ҳамин деҳа 10-сотихӣ замин ҷудо карда, манзили навро дар муддати як моҳ бунёд кунад.

Сокинони деҳаи офатзада ба ҷойи дигар мекӯчанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ дар саҳни ҳавлии мактаби шумораи 50-и ин деҳа барои осебдидагон "шаҳраки хаймавӣ" таъсис додаанд

Азиза Давлатова, сокини 40-солаи ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ зимни ёдоварӣ аз оғози фурӯрезии замини манзилаш гуфт, фурсати кӯтоҳе барои наҷоти ҷонаш дошт.

Ӯ гуфт: "Фурӯрезии замин аз дурӣ шуруъ шуд. Ҳамон рӯз борони сахт меборид ва аз дара ба самти деҳа сел омад. Баъд роҳи сел баста шуд ва об ба деҳа расид. Фурӯрезии заминро дида, зуд хостам аз ҳавлӣ берун шавам, вақте ба кӯча баромадам, дидам, ки ҳавлиам зери замин рафт."

Феълан созмонҳои байналмилалии имдодӣ ва шахсони хайрхоҳи маҳаллӣ ба осебдидагон ин ҳодиса ёриҳо ироа мекунанд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, барои зарардидаҳо кумакҳои USAID ва ЮНИСЕФ дастрас карда шудааст.

Тибқи иттилои масъулини КҲФ Тоҷикистон, соли 2020 дар пайи офатҳои табиӣ дар кишвар 41 бинои маскунии сокинони пурра ва 102 бинои дигар қисман тахриб шуда буданд. Ин ҳодисаҳо ба 18,5 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ хисорот ворид карда, шаш пули иртиботӣ комилан тахриб шуда буданд.

Гузориш: Сухангӯи сафорати Амрико дар Маскав "персона нон грата" эълон шуд

Назди сафорати ИМА дар Маскав

Дар миёни даҳ корманди сафорати Амрико дар Русия сухангӯйи сафорат Ребекка Росс ҳам "персона нон грата" эълон шудааст. Ӯ ҳам бояд ин кишварро тарк кунад.

Нашрияи "Коммерсантъ" навишт, ихроҷи Росс ва дипломатҳои дигар посух ба иқдомҳои Вашингтон мебошад.

"Коммерсантъ" бо такя ба як манбааш дар Вазорати корҳои хориҷии Русия навишт, номи Росс ба он хотир ба феҳрист ворид карда шуд, ки мақомоти амрикоӣ ним сол боз ба Маскав имкон намедиҳанд, то ҷойи холишудаи сухангӯи сафоратро дар Вашингтонро пур кунанд.

Ин манбаъ иддао кардааст, ки ҷониби амрикоӣ санадҳои номзадро ба гирифтани виза бидуни шарҳ баргардондааст.

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми апрел бастаи нави таҳримҳоро нисбат ба Русия содир карда, гуфт, ин тасмим ба хотири дахолати Маскав ба интихобот ва дурӯғпароканӣ гирифта шудааст. Ба феҳрист номи 30 шаҳрванд ва ширкати Русия ворид гардидааст. Илова ба ин, бар асоси таҳримҳо, даҳ дипломати рус ҳам аз Амрико берун карда мешаванд.

Рӯзи 23-юми апрел мақомоти рус огоҳ карданд, ки дигар ба сафорати ИМА ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ имконпазир нахоҳад буд. "Коммерсантъ" ёдовар шудааст, ки айни чунин меъёрҳои маҳдудкунандаро Маскав соли 1986 ҳам ҷорӣ карда буд.

Он замон сафири Амрико то ҷойи кор бояд худаш мустақилона мерафт ва ҳамсараш низ ҳангоми ташкили меҳмониҳо худаш ба меҳмонҳо хидмат мекарду кормандони дигари сафорат дар ошхона, гараж ва боғ кор мекарданд.

Се рӯз пеш аз оташбас Толибон як ноҳияи стратегиро ишғол карданд

Июни соли 2019, ноҳияи Нархи вилояти Вардак. Сарбозони амрикоӣ дар як баландӣ камин гирифтаанд

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар остонаи се рӯзи оташбасе, ки Толибон ба муносибати Иди Фитр эълон карданд, дар 40-километрии шаҳри Кобул як ноҳияи стратегиро ишғол карданд.

Ториқ Ориён, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, рӯзи 12-уми май гуфт, "нирӯҳои амниятиву дифоӣ ба ақибнишинии тактикӣ аз қароргоҳи полис дар ноҳияи Нарх роҳ доданд".

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки нирӯҳои Амрико ва эътилофи байналмилалӣ ба беруншавӣ аз хоки Афғонистон идома медиҳанд. Фавод Амон, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, гуфт, нирӯҳо дар талошанд, ки ин ҳадафро дубора зери назорат дароваранд.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ин гурӯҳ як рӯз пеш ноҳияро ба даст овард ва баъд аз ин қароргоҳи полис ва пойгоҳи низомиро ишғол карданд. Ноҳияи Нарх ба самти чанд минтақаи муҳими кишвар дар марказ ва ҷануби Афғонистон бо шоҳроҳҳо пайваст шудааст.

Ҷумҳурихоҳон барои барканории Лиз Чейнӣ овоз медиҳанд

Лиз Чейнӣ дар сафи раҳбарияти ҳизби Ҷумҳурихоҳи ИМА мақоми сеюм дорад

Намояндагони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагони Амрико, қарор аст, рӯзи 12-уми май Лиз Чейниро аз мақоми раҳбарикунанда дар сафи ин ҳизб берун кунанд.

Лиз Чейнӣ, духтари муовини пешини президенти Амрико Дик Чейнӣ, дар сафи ҷумҳурихоҳон мақоми сеюми раҳбариро дорад.

Чейнӣ раиси ҷумҳури пешини Амрико Доналд Трампро рӯйирост ба баҳс кашида, пас аз иддаои ӯ дар бораи гуё тақаллуб шудани натиҷаҳои интихоботи моҳи ноябри порсол Трампро “як дурӯғгӯи калон” номида буд.

Ӯ, инчунин, президент ва тарафдоронашро дар ташкили беназмиҳои 6-уми январи имсол дар бинои Капитол гунаҳкор кард.

Як шаб пеш аз овоздиҳӣ дар маҷлис, Чейни дар суханрониаш мушовирони ҷумҳурихоҳро бо лаҳни шадид танқид ва аз мазеъгирии худ ҳимоят кард.

Ӯ гуфт, “хомӯшӣ ва бепарвоӣ дар баробари дурӯғ ин дурӯғро азимтар мекунад” ва афзуд, “ман ҳамин тавр ором нишаста нигоҳ намекунам, ки дигарон ҳизби моро ба ақиб мекашанду аз роҳе пеш мераванд, қонуну қоидаро нодида мегиранд ва самтгириҳои президенти собиқро барои ба ҳам задани демократия идома медиҳанд”.

Раҳбари ақаллиятҳои Маҷлиси намояндагон Кевин МакКарти (ҷумҳурихоҳ аз Калифорния), ки ба сабукдӯш кардани Чейни даъват кардааст, гуфт, чунин иқдом ба хотири даст ёфтан ба ягонагӣ ва бартараф кардани ихтилоф дар дохили ҳизб зарур аст.

Бисёриҳо бовар доранд, ки баъд аз ин мушкилоти дохилии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ амиқтар мешавад.

Маҳмуди Аҳмадинажод мехоҳад, бори сеюм президенти Эрон шавад

12-уми май, Теҳрон. Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳалқаи тарафдоронаш дар назди вазорати умури дохилӣ истодааст

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон, мехоҳад, бори сеюм дар интихоботи президентӣ дар он кишвар иштирок кунад.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 12-уми май Аҳмадинажод ва ҷонибдоронашро намоиш дод, ки ба назди Вазорати корҳои дохилӣ барои пешниҳоди аризаи номзадӣ мерафтанд.

Аҳмадинажоди 64-сола, ки дар гузашта дар мансаби шаҳрдори Теҳрон низ кор кардааст, бо дидгоҳҳои муҳофизакоронааш маъруф аст ва дар солҳои охир аз кори раҳбарияти Эрон танқид мекунад.

Аризаи ӯ барои сабтиноми номзадияш дар интихоботи соли 2017 рад шуда буд.

Маҳмуди Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 раёсати Ҷумҳурии Исломиро бар дӯш дошт. Дар он замон Эрон бо Ғарб бар сари барномаи ҳастаӣ дар ҳолати ихтилофи сахт қарор дошт ва натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи соли 2009, ки расман бо ғалабаи ӯ анҷомид, азимтарин эътирозҳоро аз соли 1979 ба бор овард.

Дар Эрон рӯзи 11-уми майи имсол сабтиноми довталабони курсии президентӣ оғоз шуд. Интихоботи президентии Эрон 18-уми июн барпо мешавад.

"Имсол зоирони тоҷик ба зиёрати Каъба мераванд"

Каъба

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ хоҳанд рафт. Соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус роҳ ба Арабистони Саудӣ баста буд.

Дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтаанд, имсол маросими ҳаҷ баргузор мешавад.

Ба қавли масъулони Кумитаи дин, шароити баргузории ҳаҷ то ҳол дақиқ нест ва рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд. Вале тибқи иттилои як манбаи огоҳ, имсол зоироне ба Арабистони Саудӣ сафар карда метавонанд, ки ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд. Мақомот то ҳол расман ин маълумотро шарҳ надодаанд.

Солона аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Мақомот гуфтанд, имсол низ омори зоирин аз Тоҷикистон бетағйир аст.

Ҳамасола беш аз ду миллион мусулмон аз 180 кишвари ҷаҳон ба маросими ҳаҷ ба Маккаву Мадина мераванд. Ҳаҷ яке аз панҷ рукни ислом аст ва барои ҳар мусулмони тавоно як бор дар тӯли умр фарз аст.

Дар Тотористон қурбониёни тирандозӣ дар гимназияро ба хок супурданд. АКС

Қазон, маросими дафни Амир Шайхутдинови 15-сола

Рӯзи 12-уми май дар Тотористон мотам аст ва маросими дафни қурбониёни ҳамлаи мусаллаҳонаи як рӯз пеш баргузор шуд.

Як ҷавони 19-сола рӯзи 11-уми май ба дохили гимназияи шаҳри Қазон ворид шуда, нахуст чанд таркиш ташкил кард ва баъдан ба сӯи муаллимаву талабаҳо тир кушод. Дар натиҷа, нӯҳ нафар кушта шуда, садҳо нафар дар изтиробу тарс бинои дудолудро тарк карданд.

Ин ҳодиса боис ба он шуд, ки президенти Русия Владимир Путин амр дод, муқаррароти дастрасӣ ба силоҳ сахттар шавад.

Президенти Тотористон Рустам Миннихонов гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо ҳафт талаба, як муаллима ва як корманди мактаб буданд. Ӯ ҳамла ба мактабро "як фоҷеаи бемисл барои ҷумҳурӣ" номид. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса 21 нафар, аз ҷумла 18 хонанда захмӣ шуданд.

Ба Қазон, ки дар 700-километрии шарқи Маскав ҷойгир аст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар як ҳавопаймо табибону дастгоҳҳоҳи тиббӣ фиристод. Инчунин, вазирони тандурустиву маорифи Русия ҳам ба Тотористон рафтанд.

Шиддатёбии хушунатҳо дар Ховари Миёна

12-уми май

Шаби гузашта задухӯрдҳои миёни исроилиҳову фаластиниҳо шиддат гирифт. Исроилиҳо ҳадафҳои Ҳамосро дар Ғазза ҳадаф қарор доданд ва ҷангиён ба дохилтари Исроил мушак партоб карданд. Мақомоти беҳдошт дар Ғазза 12-уми май гуфтанд, ки дар давоми ду рӯзи ахир, ки задухӯрдҳо пуршиддат шудааст, дастикам 30 фаластинӣ, аз ҷумла 10 кӯдак кушта шуда, беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд. Низомиёни исроилӣ гуфтанд, дар паи 140 оташи онҳо ба ҳадафҳои ҷангиён, 20 ҷангӣ кушта шуданд. Ҳафт исроилӣ кушта ва даҳҳо маҷрӯҳ шуданд. Хушунатҳои ахир баъди ҷанги миёни Исроил ва Ҳамос дар соли 2014 пурхушунаттарин буда, мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.

Иттиҳоди Аврупо барои таҳияи шаҳодатномаи воксина омода мешавад

Иттиҳоди Аврупо умедвор аст, ки то моҳи июн шаҳодатномаи воксинаи зидди COVID-19-ро ба истифода мебарорад, то ки дар мавсими тобистон ва ҷаҳонгардӣ ба мардум сайру ҳаракат осон шавад. Чунин санадҳо ба кишварҳое бисёр зарур аст, ки аз туризм вобаста ҳастанд ва мехоҳанд, ки амнияти сиҳҳатии мардумро фароҳам кунанд. Муовини президенти Комиссиюни Аврупо Марош Шефчович рӯзи 11-уми май баъди мулоқот бо вазирони корхои хориҷаи кишварҳои узви ин ниҳод гуфт, “ин як бартарии шаҳрвандони мо аст ва аз ин хотир бовар дорам, ки чунин шаҳодатномаҳо дар остонаи тобистон омода мешаванд”. Ҳоло мақомот бояд ба мувофиқа бирасанд, ки то 21-уми май чунин санадро таҳияву ба истифода бидиҳанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG