Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравии 30 миллиардер ба Баффет ва Гейтс


Беш аз 30 миллиардери амрикоӣ имрӯз ба пайравӣ аз маъракаи бароҳандохтаи сармоядори маъруф Уоррен Баффет ва муасссиси ширкати “Microsoft” Билл Гейтс изҳор доштанд, ки дастикам 50 дарсади дороии худро сарфи корҳои хайрия хоҳанд кард. Бино ба гузориши сомонаи "The Giving Pledge" ё “Ваъдаи супурдашуда”, аз ҷумла Баррӣ Диллер, шаҳрдори Ню-Йорк Майкл Блумберг, муассиси “Oracle” Ларрӣ Эллисон, медиамагнат Тед Тернер, Давид Рокфеллер ва сармоягузор Роналд Перелман ба ин маърака пайвастаанд. Гейтс ва Баффет маъракаи мавсум ба "Ваъдаи супурдашуда”-ро моҳи июн ба роҳ андохта, аз боқӣ сарватмандони амрикоӣ даъват карданд, бахши аъзами дороии худро дар зиндагӣ ваё баъди марги худ ба корҳои хайрия ихтисос диҳанд.
XS
SM
MD
LG