Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Русия барои аломатгузории марз бо Украина


Русия расман таъйид кардааст, ки барои аломатгузории марзҳояш бо Украина омода ҳаст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Украина Олеҳ Волошин гуфт, ки ин вазорат номаи расмиеро бо чунин мазмун аз Маскав дарёфт кардааст. Ӯ афзуд, ба манзури анҷоми аломатгузории марзи Украинаву Русия ба зудӣ як куммиссиюни вижа таъсис хоҳад ёфт. Қарордод дар мавриди аломатгузории марзҳоро руасои ду ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва Виктор Янукович дар моҳи май имзо карданд. Парлумони Украина ин қарордодро як моҳ пеш тасвиб кард.
XS
SM
MD
LG