Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзае бо шиддати то 5,5 балл дар Тоҷикистон


Шаби сешанбеи 3 август, соати тақрибан 21:26 дар Тоҷикистон як заминларза сабт шудааст. Истгоҳи зилзиланигории Душанбе ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки шиддати заминларза дар марказаш , 68-километрии ҷанубушарқи пойтахти Тоҷикистон, тибқи ҷадвали Рихтер, ба 5,5 балл расидааст. Дар Душанбе шиддати зилзила 2,3 балл ва дар Нораку Роғун аз 3,4 то 4 баллро ташкил додааст.
Хадамоти геофизикии Русия хабар дода, ки ин заминларза дар умқи 33-километрии замин рух додааст. Дар бораи кадом хисороте дар натиҷаи ин заминларза гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG