Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи кӯмак ба гирифторони мусибат дар Покистон


Маъмурони имдодии Созмони Милал мегӯяд, обзехиҳои бесобиқа дар Покистон ба бештар аз 3 миллион нафар осеб расонидааст ва теъдоди қурбониёни фалокат ҳам аз 1400 нафар гузаштааст. Абдулсамӣ Малик, сухангӯи ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, гуфт, дар манотиқи шимолуғарбии Покистон, бахусус, вилояти Хайбар Пахтунхва, ки баъзе аз рустоҳои он комилан шуста шудааст, як миллиону сесад ҳазор нафар хисороти бисёр зиёд дидаанд. Муассисаҳои байналмилилалии имдодӣ, аз ҷумла муассисаҳои хайрияи исломӣ, ки баъзеашон бо гурӯҳҳои тундрав иртибот доштаанд, ба кӯмаки мардуми осебдидагон шитофта ва фишор ба ҳукумати Покистон афзудаанд, то нишон бидиҳад, ки қодир ба рафъи паёмадҳои бӯҳрон аст. Созмони Милал, Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё ба Покистон дар маҷмӯъ 28 миллион доллар кӯмаки аввалия кардаанд.
XS
SM
MD
LG