Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Косово аз кишварҳои мусулмоннишин


Косово аз кишварҳои мусулмоннишин дархост кард, ки истиқлоли онро ба таври расмӣ бишносанд. Дар эъломияи вазорати корҳои хориҷаи Косово омадааст, Скендер Ҳусенӣ- вазири хориҷа дар мулоқоте бо намояндагони кишварҳои Ҷомеаи Араб ва Созмони Конфронси Исломӣ дар СММ ин дархостро ба миён ниҳодааст. Косово соли 2008 ба таври якҷониба истиқлоли худро аз Сербистон эълон кард. Сербистон ва Русия эълон карданд, ки истиқлоли Косоворо ҳеҷ вақт эътироф нахоҳанд кард. То ҳол аз 193 кишвари узви СММ 69 кишвар истиқлоли Косоворо шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG