Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшоди теннисбоз дар Амрико мақоми дуввумро соҳиб шуд


Дилшод Шарифӣ-теннисбози мумтози тоҷик дар як мсобиқаи байналмиллалии теннис дар шаҳри Майамаи Амрико мақоми дуввумро ба даст овард. Дар ин мусобиқа 50 варзишгар аз 17 кишвар ширкат доштанд. Дилшод дар бозии ниҳоӣ аз рақиби кубоии худ Луис Куелларо мағлуб шуд ва ҷоизаи дуввуми мусобиқот, яъне 1650 долларро соҳиб шуд. Дар ҷаҳони теннис ин маблағ гарчӣ бузург нест, вале барои Дилшод пирӯзиҳои пайдарҳам то бозии ниҳоӣ ва муборизаҳои шадид бо рақибон ба вай таҷрибаи байналмиллалӣ медиҳад. Ибод Шарифӣ-падари Дилшод ба радиои Озодӣ гуфт, се соли пеш писараш дар миёни донишҷӯёни Амрико мақоми аввалро гирифта буд.

"Вай ҳатто тавонист дар рейтинги миллии Амрико миёни донишҷӯёни ин кишвар ҷои аввалро гирад".

Дилшод 24-сол дорад ва ба тозагӣ Донишгоҳи ба номи Фрэнсис Мэриони Амрикоро хатм кардааст. Вай ҳоло дар академияи тенниси шаҳри Тампои аёлати Флоридаи ИМА тамрин мекунад.
XS
SM
MD
LG