Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои қавмӣ дар Карочӣ


Дар ҳоле қисмати шимол-ғарбии Покистон бо паёмадҳои селобҳои чанд рӯзи охир дасту панҷа нарм мекунад, аз қисмати дигари ин кишвар хабарҳои нохуш ба гӯш мерасад. Бино ба навиштаи расонаҳо, бар асари даргириҳои қавмӣ дар шаҳри соҳилии Карочӣ 32 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин хушунатҳо пас аз кушта шудани як роҳбари Ҷунбиши Муттаҳидаи Қавмӣ рух додааст. Шаҳри Карочӣ аз дербоз саҳнаи даргириҳои қавмӣ байни сокинони бумӣ ва паштунтаборони кучбаста ба ин шаҳр мебошад. Ин даргириҳо шаҳри Карочиро, ки маркази тиҷоратии ин кишвар низ мебошад, фалаҷ намудааст.

XS
SM
MD
LG