Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варшава: Маскав дар ирсоли аснод таъхир мекунад


Як мақоми аршади Полша, ё худ Лаҳистон, гуфт, Русия дар ирсоли маълумот ба Варшава роҷеъ ба таҳқиқи парвандаи суқути ҳавопаймои ҳомили раиси ин ҷумҳурӣ Лех Качинский таъхир мекунад. Ҳавопаймои ҳомили Качинский ва беш аз 90 тан аз нухбагони лаҳистонӣ рӯзи 10 апрел дар Смоленски Русия суқут кард. Раҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ аз ҷониби Лаҳистон Эдмунд Клич ба рӯзномаи “Gazeta Wyborcza” гуфтааст, ки Русия “намехоҳад ин мавод дастрас шавад.” Сухан дар бораи асноде меравад, ки бояд нақшу таъсири нозирони парвозҳо дар Русия ва таҷҳизоти фаннии фурудгоҳи музофотии Смоленск дар суқути ин ҳавопайморо радд ё таъйид кунад. Ин сониҳа мунҷар ба ҳалокати ҳамаи 96 сарнишини ин ҳавопаймо шуд. Ин ҳайъати давлатӣ роҳии маросими солгарди 70-уми қатли омми ҳазорон афсари артиши Лаҳистон буд, ки дар ибтидои ҷанги дуввуми ҷаҳон бо дасти пулиси махфии Русия дар ҷангалистони минтақаи Катини Смоленск кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG