Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ҷудоихоҳони чечен дигар мешавад


Як вебсайти ҷудоихоҳони Чечен хабар додааст, ки Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чечен, аз ин мақомаш канор рафта ва Асламбек Вадаловро вориси худ баргузидааст. Вебсайти кавказсентр, навиштааст, ки Доку Умаров бинобар вазъи сиҳатиаш аз мақомаш канор рафтааст. Дар хабар омадааст, “Доку Умаров ният дорад, ба ҷиҳод идома дода ва ба тамоми нерӯ ба раҳбарияти нав” кӯмак кунад. Доку Умаровро, Амрико чанде пеш ба феҳрасти терористон ворид кард. Ин раҳбари ҷудоихоҳони чечен, масъулияти чанд ҳамлаи моҳҳои гузашта дар Русияро бар дӯш гирифт, аз ҷумла бомбгузорҳои рӯзи 29 март дар метрои Маскавро, ки дасти кам 40 кушта ва 100 захмӣ бар ҷой гузошт. Мақомоти Русия ва Чеченистон ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG