Раисиҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева, имрӯз дар шаҳри Ӯш бо ҳокими шаҳр ва сокинони он, ки наздикони гумшудаи хешро меҷӯянд, мулоқот кард. Мулоқот дар дафтари кории шаҳрдори Ӯш, Мелис Мирзаҳматов баргузор шуд. Отунбоева аз кори шаҳдор дар давраихушунатҳои байниқавмии моҳи гузашта интиқод кард. Қарор аст, имрӯз Отунбоева бо намояндангони анҷумани сермиллати шаҳр низ мулоқот кунад. Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки шӯрои вакилони шаҳри Уш расман ба вуруди полиси байнулмилал таҳти қарордоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мухолифат кардааст. Отунбоева аз қарори шӯрои шаҳр интиқод кард ва гуфт, ҳадафи созишномаи ирсоли 52 корманди бесилоҳи полис аз кишварҳои САҲА ба ҷануби Қирғизистон, ки дар хушунатҳои он зиёда аз 300 нафар кушта ва 75 ҳазор нафар бехонумон шудаанд, дуруст дарк нашудааст.