Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи орд дар остонаи моҳи Рамазон


Беш аз ду ҳафта аст, ки қимати нархи орд дар бозорҳои Хуҷанд беш аз 20 дарсад боло рафтааст ва арзиши як халта орди навъи қазоқӣ ба 110 сомонӣ ва навъи орди дохилӣ ба 100 сомонӣ расидааст.

Замоне, ки аз чанд растаи ордфурӯшӣ дар бозорҳои Хуҷанд дидан мекардам, ба назар мерасид, ки аксаран сокиноне, ки бо мақсади харидории орд рӯ ба бозор овардаанд, гаронии нарх дар остонаи моҳи мубораки Рамазон онҳоро ба ташвиш андохтааст. Аксари ҳамсӯҳбатонам аз афзоиши қимати орд ва мушкили харидории анвои ниёзи рӯзгордорӣ изҳорӣ нигаронӣ мекарданд.

Муҳаррам Абдусаломова як сокини Хуҷанд мегӯяд: «Ҳозир мавсими гандумғундорӣ аст, аммо нархи орд дар бозорҳо боло рафтааст. Як халта ордро бо 110 сомонӣ харидам. Ман дар ҳеҷ кӯҷо кор намекунам. Бо ин миқдор маблағ харидорӣ кардани як халта орд албатта барои мо душвор аст. Дар оила танҳо як писарам кор карда, аз пушти он зиндагии моро таъмин мекунад».

Соҳибкорон: Болоравии нарх аз мо вобаста нест


Аксар соҳибкорони ордфурӯшии Хуҷанд мегӯянд, камбуди вуруди ғалладона боиси боло рафтани нархи орд дар бозорҳо шудааст.

Эргаш Файзиев як ордфурӯши бозори Хуҷанд, дар ин замина мегӯяд: «Қиматшавии нархи орд аз мо фурӯшандаҳо вобастагӣ надорад, чунки мо одатан гандумро аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунем. Аз аввалҳои моҳи май то охирҳои моҳи сентябр воридкунии гандум аз ин кишварҳо душвор мешавад, зеро то дарави ҳосили нав онҳо воридоти ғалларо барои соҳибкорони тоҷик манъ мекунанд».

Аммо Хуршед Бойматов, дигар аз тоҷирони бозори ордфурӯшии Хуҷанд, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ сабаби боло рафтани қиммати ордро ин гуна шарҳ дод: «Нархи гандум боло рафтааст. Як нафар гандумро ворид мекунад ва ба ҳама бо нархи гарон тақсим мекунад. Бар иловаи ин осиёббонҳо ҳам ҳаққи хизматрасонишонро рӯз то рӯз боло бардошта истодаанд».

Афзоиши ҳосили ғалла ва гаронии қиммати орд

Масъулини идораи кишоварзии Суғд иддао доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 1940 тона бештар шудааст.

Аммо суол матраҳ ин аст, ки ба кадом далел арзиши орд дар ин шабурӯз дар бозорҳо боло рафтааст? Бобоҷон Домуллоев сардори идораи кишоварзии Суғд гуфт:

«Вақте, ки мо ба ғунучини ҳосили ғалла сар кардем, нархи 1 кило гандуми мо 40 дирам буд. Онҳое, ки аз Қазоқистон гандумро ворид карда, коркард мекарданд, нархи гандуми худиро ҳам имрӯз ба 65-70 дирам расондаанд. Аз сабабе, ки дар Қазоқистон имсол хушксолӣ омадааст, аз ҳамин хотир воридот кам аст. Вақте, ки мо талаботи мардумро таъмин карда наметавонем, хоҳ-нохоҳ нархи он боло меравад».

Боздошти қаторҳо - омили аслии болоравии нархҳо

Иддае аз таҳлилгарон мегӯянд, боздошти қатораҳои Тоҷикистон дар банди Ӯзбакистон ба болоравии орд дар кишвар ҳам бетаъсир намондааст. Ба далели чунин мушкил, аз ҷумла вуруди маҳсулоти ғаллагӣ ба қисмати ҷанубии кишвар умдатан аз бозорҳои Суғд сурат мегирад, ки боиси афзоиши талабот ба истеҳсоли орд гардидааст.

Алиҷон Самадов, як таҳлилгари маҳаллӣ, дар ин бора мегуяд: «Аввал ноуҳдабароии ташкилотҳои давлатӣ аст, ки натавонистанд инро дар як қолаб нигоҳ доранд. Дигар он, ки воридоти вагонҳо дар қаламрави Ӯзбакистон маҳдуд карда шуд, ба ин вазъият овард, зеро на гандум ва на дигар чизро мо ворид карда натавонистем. Ташкилотҳое, ки минтақаи шимоли кишварро бо меъёри муайян таъмин мекарданд, имрӯз тамоми кишварро таъмин карда наметавонанд. Аз сабаби зиёд шудани талабот нарх боло меравад».

Бархеи дигар аз киршиносон мегӯянд, содироти маҳсулоти ғаллагӣ ба ҳамсоякишвари Қирғизистон аз сӯи Тоҷикистон дар ҳамин ҳол ба афзоиши қиммати орд дар бозорҳои кишвар ҳам бетаъсир намондааст. Тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, дар ҳоли ҳозир содироти беш аз 25 дарсади маҳсулоти ғаллагии вилояти Ботканди Қирғизистон умдатан аз ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG