Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 4 скинҳед дар Санкт-Петербург


Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия 4 наврасро бо ҷурми куштор ва барангехтани низоъи нажодӣ маҳкум ба зиндон кард. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод дар тирамоҳи соли 2008 дар пайи зиёрати қабри раҳбари як гурӯҳи тундрав Дмитрий Боровиков аҳд кардаанд, ки ба ёди ӯ алайҳи мусофирони ғайриславянии як қарори наздишаҳрӣ ҳамла кунанд.
Онҳо таҳти шиорҳои нажодпарастона 4 ғайрирусро ҳадафи ҳамла қарор додаанд, ки якеи онҳо бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш баъди чанд соат ҳалок мешавад.
Додгоҳ яке аз муттаҳиминро ба ҳафтуним соли корҳои ислоҳӣ ва се тани дигарро шартан маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG