Давлати Афғонистон телевизиони хусусии “Имрӯз”-ро, ки ба вакили парлумон Наҷибуллоҳ Кобулӣ тааллуқ дошт, баст. Ин нахустин мавриди баста шудани як телевизиони хусусӣ аз сӯи кобинаи вазирони Афғонистон будааст.
Наҷибуллоҳ Кобулӣ ин иқдомро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ хондааст. Аммо Ҳаким Ашӯр, раҳбари маркази иттилоот ва матбуоти давлати Афғонистон гуфт, иллати баста шудани “Имрӯз” таҳрик додани танишҳои мазҳабӣ ва латма задан ба ваҳдати миллӣ буд. Телевизиони “Имрӯз” аз соли 2008 ба фаъолият оғоз карда буд. Феълан дар Афғонистон беш аз 20 шабакаи телевизионӣ амал мекунанд.