Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майли хориҷиён барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон


Чанд кишвари хориҷӣ изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон кор мекунанд. Фаррух Ҳамралиев-вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ширкатҳои Чину Ҳиндустон ва Туркия мехоҳанд дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ба коркарди меваву соири фаровардаҳои кишоварзӣ машғул шаванд. Чунин минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Панҷ, вилояти Суғд ва дар Данғараву Ишкошим ташкил шудааст. Дар ҳоли ҳозир тарҳҳои сармоягузорӣ дар ин минтақаҳои озод баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG