Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли гаравгони фаронсавӣ аз тарафи Ал Қоида


Раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ мегӯяд, шаҳрванди 78-солаи Фаронса, корманди созмони хайрия, ки аз тарафи афроди Ал Қоида дар шимоли Африқо рабуда шуд, ба қатл расидааст. Саркозӣ дар ҷаласаи фавқулодаи ҳукуматаш гуфт, қатли Мишел Ҷерманеу бепосух нахоҳад монд. Абумусаб Абдулвадуд, раҳбари Ал Қоида дар шимоли Африқо дар наворе ба шабакаи Ал-Ҷазира гуфтааст, Ҷерманеу рӯзи 24-уми июл дар ҷавоб ба ҳалокати шаш нафари Ал Қоида дар Малӣ дар ҷараёни амалиёти муштараки нерӯҳои Мавритания ва Фаронса ба қатл расид. Саркозӣ гуфт, ба вазоратҳои дифоъ ва умури хориҷӣ дастур додааст, посухи Фаронсаро омода кунанд. Вай ҳамчунин ширкати сарбозони фаронсавиро дар амалиёти махсуси зидди як маркази Ал Қоида дар Малӣ тасдиқ кард.
XS
SM
MD
LG