Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои расмии генерал МакКристал баъд аз моҷароҳо


Генерал Стейнлӣ МакКристал-фармондеҳи собиқи нируҳои Амрико дар Афғонистон ба таври расмӣ дар маросиме дар бандари МакНейр дар Вошингтон истеъфо дод. Генерал МакКристал барои интиқод аз раҳбарони ғайринизомии Амрико дар матбуот, ки дар зимн онҳоро таҳқир мекард, аз мақом барканор шуда буд. Генерал МакКристал дар як маросими низомӣ рӯзи ҷумъа аз эҳтироми хос бархӯрдор шуд. Ба эҳтироми вай туфангҳо 17 бор ба ҳаво тир холӣ карданд. Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико ва Сайд Тайиб Ҷавод-сафири Афғонистон дар Амрико дар ин маросим ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG