Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фарзанди собиқ додситони кулли Тоҷикистон


Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов бо иттиҳоми ришвагирӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ боздошт шудааст. Бино ба хабари ожонси “Азия Плюс”, қаблан як муфаттиши додситонии ноҳияи Ҳисор бо иттиҳоми гирифтани ришва ба маблағи 20 000 доллар боздошт шуда буд ва ин нафар баёнот додааст, ки ин маблағро бо Файзуллоҳ Бобохонов тақсим кардааст. Манобеъи “Азия Плюс” дар додситонии кулл ва Ожонси мубориза бо фасод воқеъияти хабари боздошти Файзуллоҳ Бобохоновро тасдиқ кардаанд, вале гуфтаанд, алайҳи ӯ айбнома ҳанӯз эълон нашудааст.
Файзуллоҳ Бобохонов соли 2005, ки падараш додситони кулли Тоҷикистон буд, додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуд. Вале баҳори соли ҷорӣ ба дунболи барканории падараш аз мақом ӯро низ аз мақоми додситони Ҳисор сабукдӯш карданд.
XS
SM
MD
LG