Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон дасти панҷ айбдоршуда ба дуздиро буриданд


Дар Эрон ҳукми буридани дасти панҷ нафар, ки дар шаҳри Ҳамадон ба дуздӣ айбдор шудаанд, ба иҷро расид. Синни ҳамаи онҳо аз 25 боло буда, дар дуздиҳои бузург айбдор шудаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳукми буридани даст замоне содир мешавад, ки айбдоршаванда дар зиёда аз 100 маврид гунаҳкор дониста шавад. Буридани даст тибқи қонуни шариати исломӣ ба амал меояд.
XS
SM
MD
LG