Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори лағви визо бо Иттиҳодияи Аврупо шуд


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки миёни Русия ва 27 кишвари ин иттиҳодия муқаррароти раводид ё визо аз миён бардошта шавад. Вай ин суханонро дар ҷараёни боздидаш аз Филандия изҳор дошт ва далел меовард, ки лағви муқаррароти раводид барои рушди муносиботи миёни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо зарур аст. Аз муддатҳо қабл бидуни натиҷа Русия дархост мекунад, ки бо Иттиҳодияи Аврупо муқуррароти раводид лағв шавад. Аммо Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, хушунат дар Қафқози Шимолӣ ва марзи муштарак бо кишварҳои Шӯравии собиқ сабаби ҳифзи муқаррароти раводид бо Русия мебошад.
XS
SM
MD
LG