Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО хостори таҳкими муносибот бо Покистон шуд


Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО имрӯз гуфт, ин паймон мехоҳад бо Покистон робитаҳои қаввӣ дошта бошад. асмуссен ин суханонро дар Исломобод дар нишасти хабарии муштарак бо Шоҳмаҳмуд Қурейшӣ-вазири корҳои хориҷаи Покистон баён кард. Вай бори дигар такрор кард, ки нируҳои НАТО баъд аз хатми мӯҳлати истиқрор дар соли 2014 низ ӯҳдадориҳои худро иҷро хоҳанд кард ва вай нақши муҳими Покистонро дар таъмини амнияти минтақа дарк мекунад. Расмуссен баъд аз ширкаташ дар конфронси байналмиллалӣ дар Кобуд вориди Покистон шудааст. Ду рӯзи пеш Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико низ аз Исломобод боздид кард ва гуфт, Амрико бо Покистон робитаҳои қавӣ барқарор мекунад.
XS
SM
MD
LG