Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди HRW аз Узбакистон ва Қирғизистон


Созмони Дидбони ҳуқуқи инсон (Human Rights Watch) Қирғизистон ва Узбакистонро дар мумониа ба паноҳҷӯёне айбдор кард, ки гуфта мешавад, аз бадрафторӣ ва шиканҷаи полиси қирғиз фирор кардаанд. Намояндаи ин созмон, Геррӣ Симпсон гуфт, чунин паноҳҷӯён ба вай гуфтаанд, агар марз боз мебуд, онҳо дар он сӯи марз паноҳ меҷустанд. Симпсон ин изҳоротро аз шаҳри Уши Қирғизистон пахш кард, ки ин ҷо моҳи гузашта ба саҳнаи даргириҳои шадиди қавмӣ табдил шуда буд. Созмони Дидбони ҳуқуқи инсон мегӯяд, мақомоти узбак ва қирғиз барои бозгардони зуди паноҳҷӯён аз тактикаи тарсондан истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG