Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани Кобул оғоз ба кор кард,


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз дар Кобул, дар ифтитоҳи анҷумани шарикони байналмилалии кишвараш гуфт, Афғонистон хостори бар дӯши худ гирифтани масъулияти бештар дар таъмини амният ва назорати бештар бар ҷараёни истифодаи миллиардҳо доллар кӯмакҳо барои рушди ин кишвари ҷангзада мебошад:“Мо пешрафтҳои урдуи миллиамонро қадрдонӣ мекунем. Ман ҳамчунон мӯътақидам, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон то соли 2014 масъулияти куллия амалиёти низомиву интизомиро дар саросари кишвар бар дӯши худ хоҳанд гирифт."
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ин анҷуман таҳвили масъулият ба раҳбарияти Афғонистонро хеле муҳим унвон кард ва гуфт, ҷомиаи байналмилалӣ мунтазири дидани натоиҷи муборизаи Кобул бо фасод буда, давлати Афғонистонро барои таъмини субот кори зиёде ҳанӯз дар пеш аст.
Анҷумане, ки имрӯз дар Кобул бо ширкати то 70 намояндаи байналмилалӣ ва 40 вазири хориҷа, аз ҷумла вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, оғоз ба кор кард, нахустин ҳамоиши бахшида ба ояндаи Афғонистон аст, ки дар пойтахти ин кишвар доир мешавад. Карзай ин ҳамоишро як нуқтаи атф дар ҳамкориҳои байналмилалии Кобул хонд.
XS
SM
MD
LG