Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико воридоти пахта аз Тоҷикистонро манъ мекунад


Вазорати шуғли Амрико феҳрасти нави маҳсулотеро нашр кард, ки воридоташ ба Ийолоти Муттаҳида ба далели истифода аз нирӯи кӯдак дар тавлиди ин маҳсулот манъ мешавад.
Ин бор ба ин рӯйхат пахтаи Тоҷикистонро ҳам шомил кардаанд, ки воридоташ ба Амрико ба далели истифода аз нирӯи кӯдак дар пахтачинӣ манъ хоҳад шуд.
Вазорати шуғли Амрико ҳамин тавр, воридоти пахта аз кишварҳое, чун Узбакистон, Буркина Фасо ва Чину Бенинро низ манъ кардааст. Воридоти маҳсулоти электронӣ ва бозича аз Чин низ ба ҳамин далели истифода аз нирӯи кӯдак манъ шуда, 7 навъи маҳсулоти сохти Мянмар низ ба ин далел шомили “рӯйхати сиёҳ”-и вазорати шуғли Амрико шудааст.
XS
SM
MD
LG