Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе семинари ҳастаӣ баргузор мешавад


Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба хабаргузории "Авеста" гуфтааст, дар қаламрави вилояти Суғд 10 чоҳи боқимондаҳои моддаҳои радиоактивӣ мавҷуд аст ва ин моддаҳои раиоактивӣ 50 тонро ташкил медиҳад. Барои омӯзиши роҳҳои таъмини амнияти ин моддаҳо бо кӯмаки МАГАТЕ ё Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дар шаҳри Душанбе аз 26 то 30-юми июл семинари байналмиллалӣ баргузор мешавад. Дар кори ин семинар намояндагон аз Русияву Қазоқистон, Беларусу Арманистон, Гурҷистону Қирғизистон, Молдоваву Латвия ва Литваву Ӯзбакистон ширкат мекунанд. Моҳи марти соли ҷорӣ бо кӯмаки молии Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дар шаҳри Душанбе муҷтамаи назорат бар радиатсия ва амнияти ҳастаӣ боз шуд.
XS
SM
MD
LG