Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Уганда сурати бомбгузоронро шиносоӣ кардааст


Ба эътиқоди пулиси Уганда, дар ҳамлаи хунини ҳафтаи гузашта дар пойтахт шаҳри Кампала, ки 73 мухлиси футболро ҳангоми тамошои бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар як ресторани пуродам кушт, ду бомбгузори интиҳорӣ ширкат доштаанд. Кейл Кайҳура, раҳбари раёсати пулис имрӯз гуфт, баъди ташхиси махсуси сурати бомбгузорони мазнун муайян шудааст, ки яке аз онҳо сомалиюласл ва дуввуми сиёпӯсти африқоӣ будааст, ки миллаташро муайян накардаанд. Масъулияти бомбгузории рӯзи 11 июлро созмони тундрави Шабоб, як ҳалқаи Ал-Қоида дар Сомалӣ бар ӯҳда гирифт, ки нерӯҳои Уганда дар ин ҷо ба чун бахше аз нерӯҳои Иттиҳодияи Африқо ба ҳукумати муввақати Сомалӣ кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG