Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OSCE умедвори ҳимоят аз қарор оид ба Қирғизистон


Қазоқистон мегӯяд, умедвор аст, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз ирсоли гурӯҳи пулиси ин созмон барои тамрини нерӯҳои Қирғизистонро имрӯз пеш аз анҷоми нишасти вазирони созмон расман тасвиб хоҳад кард. Қанот Савдобоев, вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар ин ҳамоиш гуфт: " Имрӯз бо дархости Қирғизистон, ҷараёни қабули қарор дар мавриди ирсоли гурӯҳи машваратии пулис ба шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод дар ояндаи наздик ба поён мерасад. Вазъи ҳозираи мушкил дар Қирғизистон метавонад, на танҳо ба авзоъ дар Осиёи Марказӣ, балки фаротар аз он таъсири манфӣ гузорад." Дар баробари Қазоқистон, ки раҳбари феълии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупост, мақомоти баландпояи Амрико, Олмон ва Фаронса ва ҳамчунин кишварҳои дигари узви созмон аз ҷумла Тоҷикистон аз ирсоли гурӯҳи машваратии 52 нафарии пулис ба ҷануби Қирғизистон ҳимоят кардаанд. Дар осоишгоҳи Оқбулоқ дар наздикии шаҳри Алмаато, нишасти ғайрирасмии дурӯзаи вазирони умури хориҷаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то чанд соати дигар ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG