Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудрати Хадамоти амнияти Русия густариш ёфт


Палатаи поёнии порлумони Русия қонуни тазодомези густариши салоҳиятҳои Хадамоти амнияти федерол ё ФСБ-и ин кишварро ба тасвиб расонд. Бар пояи он ФСБ акнун метавонад, ба афроде, ки гумон мекунад, фаъолияти онҳо шароити ҷиноиро ба вуҷуд меорад, расман ҳушдор диҳад. Афроде, ки ба иҷрои вазифаи кормандони ФСБ монеъ мешаванд, то 15 рӯз зиндонӣ хоҳанд гашт. Расман гуфта мешавад, қонуни нав ба муборизаи зидди терроризм ва тундгароӣ кӯмак хоҳад кард. Аммо ҳуқуқдонон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз он ҳамчун бозгашт ба замони шӯравӣ шадидан интиқод мекунанд ва онро василаи тарс додани мухолифони сиёсӣ мешуморанд. 354 вакил ба тарафдорӣ ва 96 нафари онҳо зидди тарҳ раъй доданд.
XS
SM
MD
LG