Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, онҳо бар зидди ширкати ТенгизШевройл, ки саҳмияи аслии он дар ихтиёри ширкати нафтии Шеврони Амрикост расидагии расмиро оғоз кардаанд. Онҳо иддао мекунанд, ки гӯё ин ширкат ба таври ғайриқонунӣ ба арзиши беш аз як миллиард евро нафт истихроҷ кардааст. Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли Мурат Жуманбай-раиси Ожнси мубориза бо ришвахорӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии Қазоқистон гуфтааст, ожонси онҳо далоилеро ҷамъоварӣ кардааст, ки ин ширкат аз чоҳи нафти Тенгиз ғайриқонунӣ нафт истихроҷ кардааст.