Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Бошқирдистон истеъфо дод


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия истеъфои Муртазо Раҳимов-раиси ҷумҳури Бошқирдистонро пазируфт. Медведев дар ин бора баъд аз мулоқоташ бо Раҳимов дар Сочӣ изҳорот дод. Медведев ҳамчунин эълон кард, ки Рустем Хамитов иҷрокунандаи мақоми раёсати ҷумҳурӣ хоҳад буд. Хамитов 55 сол дорад, бошқирд ва аз Бошқирдистон аст. Вай то ҳол дар мақоми муовини раиси ширкати давлатии РусГидроэнерго кор мекард. Муртазо Раҳимов 76 сол дорад ва аз соли 1993 ба ин сӯ раиси ҷумҳури Бошқирдистон буд. Вақтҳои ахир вай бо Медведев муносиботи "самимона" надошт.

XS
SM
MD
LG