Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева ҳукумати нави муваққатӣ таъсис дод


Раисиҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева, имрӯз ҳайати ҳукумати нави муваққатиро эълом дошт, ки то интихоботи порлумонии моҳи октябр фаъолият хоҳад кард. Ҳукумати нав дар ҳоле таъсис ёфт, ки аксари аъзои собиқи он барои ширкат дар интихобот ва таъмини адолату шаффофияти он аз мақоми худ истеъфо доданд. Аз он ҷо ки дар ин байн чандин ҳизби нави сиёсӣ таъсис ёфт, интизор меравад, корзори интихоботӣ аз сабқати пуршӯр бархӯрдор хоҳад буд. Интихобот пас аз назархоҳии умумии қонуни асосии Қирғизистон ҷараён хоҳад ёфт, ки баъд аз сарнагун шудани ҳукумати президенти пешин Қурманбек Боқиев дар 8-уми прели соли равон аз ҷониби ҳукумати муваққат эълон ва баргузор гашта, Қирғизистонро ба кишвари порлумонӣ табдил дод.
XS
SM
MD
LG