Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттакӣ: Донишманди рабудашуда дар Вошингтон аст


Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷии Эрон, тайид кард, ки донишманди рабудашудаи эронӣ Шаҳром Амирӣ айни ҳол дар бахши “эрони”-и сафорати Покистон дар Вошингтон аст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Мадрид Муттакӣ изҳор намуд, ки Амирӣ хостори бозгашти фаврӣ ба ватан шудааст ва мақомоти Амрико бояд дар ин роҳ монеъа эҷод накунанд. Худи Амирӣ тайид кард, ки аз сӯи хадамоти кашфи Амрико рабуда шудааст.
Эрон бо ИМА робитаҳои дипломатӣ надорад ва аз манфиатҳои кишвар як бахши вижа дар сафорати Покистон дар Вошингтон дифоъ мекунад.
Шаҳром Амирӣ, донишманди маъруфи бахши физикаи атомии Эрон, моҳи июни соли гузашта ҳангоми зиёрати мавзеъҳои муқаддаси Арабистони саудӣ ғайб зада буд. Вошингтон даст доштанаш дар рабудани Шаҳром Амириро пайваста рад мекунад. Моҳи марти соли равон шабакаи телевизионии амрикоии АВС хабар дода буд, ки Амирӣ ба ИМА фирор кардааст ва айни ҳол бо Хадамоти марказии кашф ҳамкорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG