Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испониёиҳо хостори иҷораи ҳаштпои фолбин шудаанд


Гурӯҳе аз соҳибкорони испониёӣ мехоҳанд, ҳаштпои олмонӣ бо номи Полро, ки пирӯзии дастаи Испониёро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол пешгӯӣ кардааст, иҷора гиранд. Онҳо дар шаҳри Карбалино 30 ҳазор евро ҷамъ оварданд ва умедворанд, ки ҳаштпо Пол дар ҷашни солонаи моҳихӯрии ин шаҳр дар моҳи август, нақши рамзи ҷашнвораро хоҳад бозид. Онҳо ваъда кардаанд, ки ҳаштпоро нахоҳанд хӯрд. Ҳаштпо Пол, ки дар шаҳри Оберҳаузени Олмон ба сар мебарад, замоне машҳур шуд, ки натиҷаи тақрибан ҳамаи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро бехато пешгӯӣ кард.
XS
SM
MD
LG