Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди кушташудагони таркиш дар Муманд ба 102 нафар расид


Шумораи кушташудагони таркиш дар минтақаи қабиланишини Муманди Покистон ба 102 нафар расид. Даҳҳо ҷасади дигар аз зери шикастпораҳо берун оварда шуданд. Пештар гузориш мешуд, ки дар ду инфиҷор дар деҳаи Яккағунди ин минтақа 50 нафар ба ҳалокат расидаанд. Минтақаи Муманд яке аз чанд ноҳияи қабиланишини Покистон аст, ки гуфта мешавад, ситезаҷӯёни Ал Қоида ва Толибон онро ба паноҳгоҳи худ табдил додаанд. Нерӯҳои Покистон борҳо дар ин минтақа амалиёт гузарондаанд, вале ба поккории он ноил нашудаанд.
XS
SM
MD
LG