Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Боннэр барои кӯмак ба ду хабарнигори туркман


Ҳомии ҳуқуқи башар Елена Боннэр аз созмони байнулмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” даъват кард, ки ба хабарнигорони туркман Елена ва Аннамамед Мятиевҳо кӯмак намояд. Ин хабарнигорон бояд барои ташхиси тиббӣ ва амалиёти ҷарроҳӣ ба Ҳуланд мерафтанд ва аммо ба онҳо, бо истинод ба амри вазорати умури дохилӣ, иҷозаи нишастан дар ҳавопаймои хатсайри Ашқобод-Истамбулро надоданд. Елена Боннэр навиштааст, ки хабарнигорон асноди зарурӣ ва раводиди сафар доштанд.
Елена ва Аннамамед Мятиевҳо дар рӯзномаи “Нейтралний Туркменистан” кор мекарданд ва аммо аз ин нашрия ихроҷ шуданд. Мақомоти Туркманистон онҳоро дар ҳамкорӣ бо расонаҳои хориҷӣ ва мухолифини туркман гумонбар мехонанд.
XS
SM
MD
LG