Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо вазъи Қирғизистонро баррасӣ кард


Порлумони Аврупо рӯзи чаҳоршанбе авзоъ дар Қирғизистонро баррасӣ кард. Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷӣ ва сиёсатгузориҳои амниятии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ин иттиҳодия кӯмакҳояш ба давлати муваққати Қирғизистонро дар амри ба эътидол овардани вазъ ва ҷараёнҳои демократӣ бештар мекунад. Аз ҷумла, кӯмакҳо барои баргузории интихоботи ояндаи порлумонӣ, тақвияти ниҳодҳои аслии давлатӣ ва мусолиҳаи байниқавмӣ дар Қирғизистонро. Ӯ афзуд: "Дар робита ба бахши амниятӣ ва вазифаҳои эҳтимолии Иттиҳодияи Аврупо мо бо Созмони Милал, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва дигар дар тамос ҳастем. Мо бо диққат пешниҳодҳои мавҷуд, аз ҷумла пешниҳоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои ирсоли нерӯҳои пулисро меомӯзем." Низоъҳои қавмии моҳи гузашта дар ҷануби Қирғизистон ҷони тақрибан 300 нафарро гирифт ва ҳазорон нафари дигарро бехонумон кард.
XS
SM
MD
LG