Имрӯз Лиам Фокс-вазири дифои Британия зимни суханрони худ дар порламони кишвараш гуфт, ки то охири соли ҷорӣ низомиёни Британия аз вулусволии Сангини вилояти Ҳилманди Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд ва масъулияти худро дар ин минтақаи ҳассос дар ҷануби Афғонистон дар ихтиёри нируҳои Амрико мегузоранд. Фркс гуфт:
"Дар Сангин нируҳои Британия дар муқобили мушкилиҳои зиёд пешравии чашмгир доштанд. Маркази вилоят тағир ёфт. Ҳилманд дар маҷмӯъ дар натиҷаи ҷоннисориҳои мо ба минтақаи дар маҷмӯъ амн мубаддал шуд."
Нируҳои Британия бештарин талафоти ҷонии худро дар ҳамин вулусволӣ додаанд. Аз соли 2001 аз замони оғози амалиёти зидди террористӣ дар Афғонистон дар ин вулусволӣ 99 сарбози Британия кушта шудааст. Ҳоло дар Афғонистон тақрибан 10 000 нируи ин кишвар мустақар аст ва бештари онҳо дар Ҳилманд мебошанд.