Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи мисрӣ бинокоронро ҳадафи тир қарор дод


Як ронандаи автобус, корманди ширкати хусусии бинокории Миср имрӯз дар ҳумаи шаҳри Қоҳира ҳамкорони худро ҳадафи тир қарор дода, шаш тани онҳоро ба ҳалокат расонд. Ронанда хона ба хона гашта, 20 корманди ин ширкатро ҷамъ меовард, то ба коргоҳ расонад. Дар нимароҳ вай автобусро боздошт ва ба парондани одамон сар кард. Полис, ки ронандаи 50-соларо ба ҳабс гирифтааст, мегӯяд, ангезаи ин ҳамла норӯшан аст.
XS
SM
MD
LG