Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маккейн Қандаҳорро калиди ояндаи Афғонистон номид


Дар сафаре ба Афғонистон, сенатори Иёлоти Муттаҳида, Ҷон Маккейн, гуфт, амалиёти ояндаи ҳарбӣ дар шаҳри Қандаҳор ва атрофи он сарнавишти низоъ дар ин кишварро ҳал хоҳад кард. Вай гуфт:

"Толибҳо медонанд, ки Қандаҳор калиди бурд ё бохт аст ва ҳарчӣ дар ин амалиёт иттифоқ меафтад, таъсири бузурге ба кулли низоъ хоҳад дошт."

Маккейн ҳамчунин аз фасод дар дохили ҳукумати Афғонистон интиқод кард ва онро 70 дарсади мушкилии расидан ба эътидол дар ин кишвар номид.
XS
SM
MD
LG