Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон:ИМА бо забти қаламрави Гурҷистон муросо намекунад


ИМА ҳеҷ гоҳ бо забти қаламрави Гурҷистон – ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ аз сӯи Русия муросо нахоҳад кард. Изҳороти Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, дар ин бора дар ҷараёни сафараш ба Гурҷистон пахш шуд. Ӯ дар мулоқот бо занҳои фаъоли Гурҷистон, ба пешрафти ин кишвари қафқозӣ дар роҳи демократия ишора кард. Қарор аст, ки хонум Клинтон имрӯз дар Тифлис бо раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ мулоқот кунад.
Рӯзи якшанбе ҳангоми боздидаш аз Озарбойҷону Арманистон, вазири умури хориҷии ИМА аз ин ду кишвар хостори ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл кардани қазияи Қарабоғи кӯҳӣ шуд. Зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ дар Ереван ӯ гуфт, ки ИМА барои кумак дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор дар ин минтақа омода аст. Арманистон ва Озарбойҷон шурӯъ аз соли 1994, баъд аз хатми ҷанги сесола, ки ҳазорон кушта бар ҷой гузошт, дар мавриди ба кадом кишвар мансуб будани Қарабоғи кӯҳӣ баҳс мекунанд.
Ҳилларӣ Клинтон дар ҷараёни сафари панҷрӯзааш ба Аврупои шарқӣ ва Қафқоз бо мақомоти Украина ва Лаҳистон ҳам дидору гуфтугӯ карда буд.
XS
SM
MD
LG