Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дэвид Петреус ба ифои вазифа шурӯъ кард


Имрӯз генерал Дэвид Петреус расман ба ифои вазифаи фармондеҳи нави нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон шурӯъ кард. Дар як маросим дар ситоди нерӯҳои байнулмилалӣ ӯ ба зарурати муттаҳид сохтани талошҳои низомиву ғайринизомӣ дар мубориза бо ифротгароён таъкид намуд. Ӯ изҳор кард, “мо инҷоем, то ки пирӯз шавем!”
Дэвид Петреус дар мақоми фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон генерал Стэнлӣ Маккристалро иваз кард, ки даҳ рӯз пеш баъди нашри мусоҳиба бо ҳарфҳои носазову таҳқиромез дар ҳаққи раҳбарони Амрико дар маҷаллаи “Rolling Stone” маҷбур шуд то аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG