Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзии пурқурбонӣ дар Конго


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи сӯхт дар шарқи Ҷумҳурии демократии Конго дасти кам сад нафар ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба мақомоти маҳаллӣ навиштааст, ки мошин аз Танзания меомад ва дар деҳаи Санҷ чаппагардон шуд. Баъд аз таркиш сӯхтор ба амал омад ва хонаҳои деҳаро фаро гирифт. Мақомоти Конго мегӯянд, ки теъдоди қурбониёни ин ҳодиса шояд афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG