Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни Асосии Қирғизистон ҳукми иҷро гирифт


Бо нашри натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсии ҳафтаи гузашта, Қонуни Асосии нави Қирғизистон имрӯз ҳукми иҷро гирифт. Бино ба натиҷаҳои раъйпурсии ислоҳи қонуни асосӣ дар рӯзи 27 июн, бештар аз 90 дар сади раъйдиҳандагон ба тарафдорӣ ва тақрибан 9 дар мухолифи ислоҳи қонунӣ асосӣ раъй додаанд. Дар раъйпурсӣ, бештар аз 72 дар сади мардум ширкат кардаанд. Акнун қарор аст, Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистон, рӯзи шанбе ба ҳайси раиси ҷумҳур савганди расмӣ адо кунад. Оқилбек Сариев, раиси Кумиссиёни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт: "Роза Отунбоева, ба ҳайси раиси ҷумҳури Қирғизистонро сабти ном карда ба ӯ шаҳодтанома ва парчами раиси ҷумҳури Қирғизистон супурда шавад." Давлати муваққати Қирғизистон, баъди барканории Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешин, ба сари қудрат омад ва раъйпурсиро ду ҳафта баъд аз низоъҳои қавмии хунин миёни қирғизу ӯзбакҳо баргузор кард.
XS
SM
MD
LG