Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон қарори кӯмак ба Қирғизистонро имзо кард


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба қарори Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ барои ироаи кӯмаки фаврӣ ба Қирғизистон имзо гузоштааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки қарори мазкурро Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Николай Бордюжа, дабири кулли созмони мазкур имзо кардааст. Бар асоси ин санад, қарор аст, Созмони паймони низомии амнияти дастаҷамъӣ, ба Қирғизистон, ки шоҳиди низоъҳои қавмӣ шуд, кӯмаки моддиву фаннӣ аз ҷумла техникаи низомӣ бидиҳад. Николай Бордюжа баъди ин мулоқот гуфт, бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъалаи "сулҳи шиканандаи Қирғизистонро" баррасӣ кардааст: “Албатта мо натиҷаҳои сафари ман ба Қирғизистонро баррасӣ кардем ва ҳамчунин иқдомоти заруриеро, ки бояд ба хотири устувории сулҳи шикананда дар ҷануби Қирғизистон андешида шавад." Ба созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Қазоқистон, Тоҷикистону, Ӯзбакистон, Қирғизистону Арманистон ва Русияву Белорус шомиланд.
XS
SM
MD
LG