Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди кушташудагони таркиши Лоҳур ба 40 нафар расид


Зиёда аз 40 нафар дар натиҷаи таркиш дар як хонақоҳи сӯфиён дар Лоҳури Покистон кушта ва ба камияш 120 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамла дар ҳоле ба амал омад, ки ҳазорон нафар ба зиёрати мазори Сӯфӣ Дата Ганҷбахш омада буданд. Масъулияти ин ҳамларо то ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст. Лоҳур, пойтахти фарҳангии Покистон ахиран ба саҳнаи инфиҷорҳои паёпай табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG