Дэвид Петреус, фармондеҳи нави нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, ваъда дод, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳалокати мардуми осоишта дар ин кишвар аз ҳама имконот истифода хоҳад кард. Имрӯз дар як нишасти хабарии муштарак бо Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен дар Брюссел, генерал Петреус изҳор намуд, ки вазъ дар Афғонистон сангинтар хоҳад шуд ва аммо баъдан авзоъ беҳбуд меёбад.
Қарор аст имрӯз Дэвид Петреус вориди Кобул шавад. Дирӯз Сенати ИМА номзадии ӯро дар мақоми нав пазируфт. Петреус саввумин фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон дар яку ним соли ахир аст ва дар ин мақом генерал Стэнлӣ МакКристалро иваз кард, ки чанде қабл барои ҳарфҳои носазо дар ҳаққи мақомоти кишвар дар сӯҳбате бо маҷаллаи “Rolling Stone” ба истеъфо фиристода шуд. Ба иттилоъи расмӣ, моҳи гузашта дар Афғонистон беш аз сад низомии эътилофи байнулмилалӣ ба ҳалокат расиданд.