Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Қирғизистон бо нозирони референдум мулоқот мекунад


Президенти муваққати Қирғизистон, Роза Отунбоева, имрӯз бо намояндагони гурӯҳҳои нозири байнулмилал дар рефрендуми қонуни асосӣ мулоқот хоҳад кард. Ба иттилоъи Комиссиюни Марказии интихоботии Қирғизистон, зиёда аз 90 дарсади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй аз Қонуни асосии нав пуштибонӣ кардаанд ва ба ин тартиб Қирғизистон нахустин кишвари порлумонии Осиёи Марказӣ шуда, моҳи октябр дар ин ҷо интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Аммо сарони мухолифон арқому адади марбут ба назархоҳии умумиро ба таври ғайримумкин баланд номиданд. Кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ аз ин маъракаи сиёсии Қирғизистон ҳимоят ва истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG