Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии шеваҳои идомаи эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ


Раҳбарони ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон мавсум ба Гурӯҳи Ҷи 8 дар ҳамоиши худ дар Канада шеваҳои идомаи эҳёи шиканандаи иқтисоди ҷаҳониро баррасӣ мекунанд. Мақомоти Амрико мегӯянд, дар ин ҳамоиш дар як осоишгоҳе дар шимоли шаҳри Торонто онҳо ба тавофуқ расидаанд, ки аввал таваҷҷӯҳро ба барномаҳои кӯмак барои эҳёи иқтисод равона кунанд ва баъдан дар андешаи коҳиши хароҷоти афзояндаи буҷаҳояшон бошанд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, Амрико мухолифи сиёсати Иттиҳодияи Аврупо барои коҳиши хароҷоти давлатӣ набудааст. Гурӯҳи Ҷи-8 ҳамчунин барои мубориза бо бемориҳои модару кӯдак 5 миллиард доллар ваъда доданд. Имрӯз ҳамчунин ҳамоиши Гурӯҳи 20, кишварҳои дар ҳоли рушди ҷаҳон аз ҷумла Ҳинду Чимн ва Бразилия дар шаҳри Торонто шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG