Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи НАТО дар Афғонистон тағйир нахоҳад кард


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Андерс Фоғ Расмуссен гуфтааст, стратегияи НАТО дар Афғонистон зимни истеъфои генерали баландпояи Иёлоти Муттаҳида халале нахоҳад дид. Вай гуфт, генерал Маккристал дар таҳияи як стратегияи дуруст кӯмак кардааст. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дирӯз сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, Дэйвид Петреусро дар ивази генерал Стэнли Маккристал фармондеҳи Амрико ва НАТО дар Афғонистон таъин кард. Истеъфои Маккристал дар вокуниш ба мусоҳибаи ӯ дар маҷаллаи "Rolling Stone" ба амал омад, ки дар он генерал дар бораи раҳбарони кишвар, аз ҷумла, Обама ва нойиби раисиҷумҳур Ҷо Байден, намоянда дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук суханони манфӣ ва тамасхуромез гуфтааст.
XS
SM
MD
LG