Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус сарвари нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон таъин шуд


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, Дэйвид Петреусро дар ивази генерал Стэнли Маккристал фармондеҳи Амрико ва НАТО дар Афғонистон таъин кард. Истеъфои Маккристал дар вокуниш ба мусоҳибаи ӯ дар маҷаллаи "Rolling Stone" ба амал омад, ки дар он генерал дар бораи раҳбарони кишвар, аз ҷумла, Обама ва нойиби раисиҷумҳур Ҷо Байден, намоянда дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук суханони манфӣ ва тамасхуромез гуфтааст. Обама гуфт, Маккристал "қазовати бад" нишон дод. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, ба тасмими Обама эҳтиром мегузорад. Вале қаблан эълом дошта буд, ки истеъфои Маккристал миёни пешрафтро дар ҷанги нӯҳсолаи Афғонистон хоҳад шикаст.
XS
SM
MD
LG